сурахои куръони слушать онлайн
Маркази миллии қонунгузории назди президенти ҷумҳурии. Вай ба муштоқони забони модариаш ҳамон гуна калимаву маъноҳоеро интихоб менамояд, ки ба онҳо дар айни замон зарурат ҳаст. Вазифаи фарҳанги тафсирӣ шарҳи батафсили маъноҳои луғавӣ ва овардани маълумоти дигари ба онҳо марбут мебошад. Некоторые из них характерны и для языка фольклорной поэзии: даодат занадо, ачаб занаки аиорн!
Page 1 вазорати молияи чумҳурии тоҷикистон луғати. Яке аз афзалиятҳои назарраси дигари фарҳанг ҳамин аст, ки луғатнигорон кӯшидаанд то ба он як миқдори калони калимаҳои аз истеъмол баромадаро, ки дар байни форсизабонони хориҷи кишвар мустаъмаланду мафҳуму ҳодисаҳои барои мардуми мо муҳимро ифода мекунанд, ҷой диҳанд. We replenish our library daily. Бо назардошти он ки «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» аз нав боз нашр мешавад ва он такмилу тавсеа меёбад, пешниҳод мекардем, ки он боз ҳам аз ҳисоби калимаҳои ифодагари мафҳумҳои ҳаётан муҳими классикӣ, калимаҳои нодири дар шеваҳо маҳфуз, вожаҳои қадимаи тоҷикии дар забонҳои дигар боқимонда такмил гардад.
сурахои куръони слушать онлайн - To continue searching, please enter the characters from the picture below and click «Continue». Администрация сайта не несут никакой ответственности за дальнейшее использование программы.
Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ иборат аз 2 ҷилд Жилди 2 ҳарфҳои О-Я - Monolingual Tajik Dictionary in 2 Vols. О-Я فرهنگ تفسیری زبان تاجیکی Editor: Сайфиддин Назарзода Publisher: Душанбе. Дар тӯли ин соли бисёр пурбаракат дар омӯзишу тад-қиқ, таълифи асарҳои бунёдӣ, нашри онҳо муваффақиятҳои назаррас ба даст оварда шудаанд. Интишори фарҳангу донишномаҳои сершумор аз шарофати ҳамин соли бафайзи забони тоҷикӣ аст. Ба табъ расидани «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ»-и дуҷилда, ки натиҷаи заҳмати бисёрсолаи луғатнигорони маъруфи тоҷик марҳум Раҳим Ҳошим, Ҳофиз Рауфзода ва Аҳмадҷон Сангинов мебошад, аз ҷумлаи ҳамин гуна дастовардҳои сол ба шумор меравад. Луғати мазкур бо бахши азими иловаҳо ва таҳрири умумии доктори илми филология Сайфиддин Назарзода ба нашр расидааст. Ҳамчунин дар таҳриру такмили ин фарҳанг узви вобастаи АИ Тоҷикистон шодравон Абдуқодир Маниёзов, доктори илми филология Саидқул Сабзаев, номзадҳои илми филология Мирзо Ҳасани Султон, Олимҷон Қосимов, Санавбар Холматова, Саодатшо Матробов ва чанде дигар иштирок карданд. Шиносоии умумӣ бо «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» аз он шаҳодат медиҳад, ки муаллифони он аз дастовардҳои луғатнигории имрӯзаи ҷаҳон хуб огоҳ ҳастанд ва онҳоро мавриди истифода ҳам кардаанд. Моддаҳои луғавӣ аз рӯйи муқаррароти қабулшуда ва истифодаи дақиқи маъноҳову маводи тафсирӣ анҷом дода шудаанд. Дар интихоби сарвожаҳои асосӣ онҳо хеле эҳтиёткор ҳастанд, фақат калимаи дар забони адабӣ маъруф ва умумиистеъмолшуда ҳамчун сарвожаи тафсир оварда шудааст. Гунаҳои дигар, муодил ва мувозиҳои дуюмдараҷа, сеюмдараҷа ва мутағоирҳои дигари ба инҳо монандро фақат дар сурати ҳаволаҳо бо ишорати ниг. Фарҳанги тафсирии забони муосир дар айни замон вазифаи луғати имлои онро ҳам адо мекунад. Ба ин сабаб дар он барои муқаррар намудан ва ифодаи шакли дурусти қиёфаи овозии калима заҳмати зиёде анҷом дода шудааст. Дар бисёр мавридҳо шакли дурусти овозии калима таъкидан ҷудо карда шуда, истеъмоли шаклҳои ғалати маъмулшуда тавсия дода намешавад. Луғатнигорон кӯшидаанд, ки калимаҳои иқтибосии аз забонҳои гуногуни олам, хосатан, калимаҳои аз арабӣ ва русию забонҳои дигари аврупоӣ воридшуда дар қиёфаҳои овозии ба тоҷикӣ мувофиқи онҳо оварда шаванд. Миқдори калимаҳои русию аврупоии ин фарҳанг назар ба ҳамин гуна калимаҳои дар луғатҳои дузабонаи дар солҳои Шӯравӣ нашршуда нисбатан кам аст. Бисёре аз чунин калимаҳо, ки дар ин солҳо ба сари забони мо зӯран бор карда шуда буданд, бо муодилҳои имрӯзаи форсиҳои бурунмарзиашон иваз карда шуданд, ки ин иқдоми нек аст. Гурӯҳи дигари чунин калимаҳо ба қадри имкон дар талаффузи тоҷикии онҳо оварда шудаанд, масалан, конфронс, консерн, пиеса, мармалод ва монанди инҳо. Дар таснифи мантиқии маъноҳои луғавии калимаҳо низ салиқаи баланди луғатнигоронро мушоҳида метавон кард. Дар тафсири мундариҷаи маъноии калимаҳо онҳо аз маълумоти грамматикӣ, этимологӣ ва услубшиносии ба онҳо марбут васеъ истифода бурдаанд. Дар аксарияти мавридҳо ҳар як маънои луғавии калима бо мисолҳои мӯътамади забони имрӯза тавзеҳ дода шудаанд, иловатан, агар ин маъно ба муродиф ва ё мутазод соҳиб бошад, онҳо низ дар охири тафсир оварда мешаванд. Муаллифон дар мавридҳои зарурӣ, чунончи ҳангоми шарҳи истилоҳот, калимаҳои нодир, вожаҳои ифодагари мафҳумҳо тафсири энсиклопедиро низ ба кор бурдаанд. Яке аз афзалиятҳои назарраси дигари фарҳанг ҳамин аст, ки луғатнигорон кӯшидаанд то ба он як миқдори калони калимаҳои аз истеъмол баромадаро, ки дар байни форсизабонони хориҷи кишвар мустаъмаланду мафҳуму ҳодисаҳои барои мардуми мо муҳимро ифода мекунанд, ҷой диҳанд. Ин иқдоми нек, бешубҳа, таркиби луғавии забони адабиамонро боз ҳам ғанитар намуда, иқтидори истеъмолии онро боло мебардорад. Ҷиҳати басо назарраси дигари фарҳанг ҳамин аст, ки дар тафсири маъноии калимаҳо аз таъбироти рангину пуробуранги забонамон фаровон истифода шудааст. Дуруст аст, ки он на ҳама вақт аз рӯйи муқаррароти қабулшуда дар охири тафсир баъд аз аломати ромб оварда мешавад. Таъбирот ва зарбулмасалу мақолҳоро муаллифони фарҳанг ҳамчун маводи тавзеҳдиҳандаи тафсир низ ба кор бурдаанд. Дар ҳар сурат бо кадом тарзе набошад, овардани чунин мавод ба раванди забономӯзии мардум, бахусус ҷавонони толибилм бетаъсир намемонад. Азбаски мураттаб сохтани чунин фарҳанг дар луғатнигории имрӯзаи мо таҷрибаи аввалин аст, ба назари мо, дар он баъзе хатову нуқсонҳо ҳам роҳ ёфтаанд. Пеш аз ҳама, бояд ба назар гирифта мешуд, ки фарҳанги тафсирии забони модарӣ барои оммаи васеи хонандагон нигошта мешавад. Маълум аст, ки аксари мардуми тоҷик ҳатто шахсони таҳсилдида ҳам бо қоидаҳои грамматикии забонҳои дигар, масалан забони арабӣ, шинос нестанд. Ба ин нисбат вазъи хонандаи ноогоҳро боз ҳам вазнинтар карда ба вай ишоратҳову маънидодҳои сирф ба забони арабӣ хос бударо, аз қабили шаклҳои ҷамъ, ҷинсият, муштақоти исмҳо, масдар ва сифати феълӣ; шаклҳои мансуб ба зарфҳо ва сифатҳои онҳоро бор кардан дуруст нест, зеро ки вай аз ин мафҳумҳои грамматикии забони дигар билкул хабар надорад ва донистани ин маълумот ба ӯ зарур ҳам нест. Қоидаву қонунҳои грамматикии ҳар забон фақат дар чаҳорчӯбаи худи он амал мекунанд. Ба ҳаминҳо монанд ба тафсирҳои грамматикии соф тоҷикии навъи дарёӣ мансуб ба дарё; молак исми амал аз молидан; муттаҳидкунанда сифати феълӣ аз муттаҳид кардан ва бисёр дигарҳо, ки хеле фаровон истифода шудаанд ва аз ин ҳисоб бисёр моддаҳои луғавӣ ҳаҷман афзудаанд, ягон зарурате нест. Вазифаи фарҳанги тафсирӣ шарҳи батафсили маъноҳои луғавӣ ва овардани маълумоти дигари ба онҳо марбут мебошад. Маъноҳои грамматикӣ, қайдҳои услубӣ ва маълумоти этимологиро бошад, фақат дар сурати ишоратҳои бо ихтисорот ифодашуда овардан лозим аст, вагарна ба луғатҳои грамматикӣ, услубиёт ва ё этимологӣ табдил ёфтани фарҳанги тафсирӣ аз эҳтимол дур нест. Чунин норасоиҳоро ягон-ягон дар тафсири маъноҳои луғавӣ, ҷобаҷогузории мантиқии навъҳои мухталифи тобишҳои онҳо, маънидодҳои этимологӣ, таъйини услубии мавқеи калима, интихоби шакли умумиятдодашудаи таъбирот низ мушоҳида кардан мумкин аст, вале ин ҳама ғалатҳои ислоҳшавандаанд ва умед аст, дар нашри такрории фарҳанг тасҳеҳ мегарданд. Чизи муҳим ин аст, ки чунин фарҳанг, ки аҳли фазли тоҷик солҳо дар орзуяш буданд, ниҳоят ба табъ расид. Фарҳанги тафсирии забони миллат бояд мунтазам нашр шавад. Он маҳз аз нашр ба нашр такмил меёбад, банду басташ торафт мустаҳкамтар гашта, аз бобати ҳаҷм пурратар мешавад. Дар ин ҷараён таҷрибаи кори луғатнигорон ҳам мукаммал мегардад, малакаю дониши онҳо дар интихоби калима ва маъноҳои мустаъмалу меъёрӣ торафт меафзояд. Бояд ба эътибор гирифт, ки дар интихоби калима ва маъноҳои мубрами меъёрӣ то имрӯз ягон дастгоҳи махсус, ки интихоби дақиқи ин воситаҳои забониро амалӣ кунад, наофаридаанд. Он то ба ҳол ба донишу салиқаи забондонии луғатнигор вобастааст. Луғатнигор мутахассиси яктои соҳаи бӯйшиносӣ масалан, дар ташхиси анвои атриёт ё чошнигари таъмро дар истеҳсоли маю машрубот мемонад, ки назокатҳои ниҳонии калимаву таъбироти забони модариашро назар ба дигарон хуб дарк мекунад ва ҳар он чизеро, ки барои забони адабии имрӯза мубрамият дорад, аз анбӯҳи калимаҳои дигар, аз калимаю маъноҳои дуюмдараҷаю сеюмдараҷа ҷудо менамояд. Вай ба муштоқони забони модариаш ҳамон гуна калимаву маъноҳоеро интихоб менамояд, ки ба онҳо дар айни замон зарурат ҳаст. Онҳо калимаҳоеанд, ки эҳтиёҷоти мардумро қонеъ карда метавонанд. Бо назардошти он ки «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» аз нав боз нашр мешавад ва он такмилу тавсеа меёбад, пешниҳод мекардем, ки он боз ҳам аз ҳисоби калимаҳои ифодагари мафҳумҳои ҳаётан муҳими классикӣ, калимаҳои нодири дар шеваҳо маҳфуз, вожаҳои қадимаи тоҷикии дар забонҳои дигар боқимонда такмил гардад. Дар тақвияти ҳамин нукта фақат аҳамияти яке аз манбаъҳоро шарҳ медиҳем. Ба нисбати он ки забони адабии форсии классикӣ дар муддати ҳазор соли охир забони байналмилалии минтақаи бузург-Ҳиндустон, Афғонистон, мамлакатҳои араб, Туркия, Қафқоз, Ҳафтрӯд, Хӯтан буд, бисёре аз калимаҳои худро ба забонҳои муқими ин кишварҳо боқӣ гузоштааст, ки имрӯз мо аз онҳо иттилоъ надорем. Инак, фақат чанд мисол: дарозназар «дурбин», ҷомахона «ҷевон», мададгор «ассистент», тарона «гимн, суруди давлатӣ», равиш «гулгашт» дар забони урду; наълбандхона «оҳангарӣ», паймон «қарордод» дар курдӣ; ҳамумр «ҳамсин», хабардор «диққат» дар ҳиндӣ ва бисёр дигарҳо аз ҳамин ҷумлаанд. Ҷамъ овардану ба ин фарҳанги ниҳоят мӯътабар дохил кардани чунин дурдонаҳои луғавӣ баробари калимаҳои зиёди фарҳангу луғатҳои гузашта, вожаҳои нодири забони зиндаи умумихалқиамон фарҳанги тафсирии забони адабии муосири моро зебу зинат медод, қимати онро боло мебурд, имкониятҳои луғавии нутқи моро даҳчанд афзун мекард. Ниҳоят, барои назорати доимӣ ба кори ин фарҳанги ниҳоят муҳими ҳаёти маънавии мо, барои такмилу таҷдиди пайвастаи он хуб мебуд, ки дар назди Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти АИ Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ як гурӯҳи дастҷамъии доимии корӣ таъсис дода шавад, то ки он ба ҷамъоварии калимаҳои навтарини имрӯза ва такмили луғатномаи ин асар машғул бошад, мулоҳизаву пешниҳодоти донишмандону зиёиёни бомаърифати кишварро мунтазам ба қайд гирифта, барои нашри нави он истифода барад. Умуман, фарҳанги тафсирии забони миллатро, ки он дар қатори муқаддасоти дигари миллӣ ҷойгир аст, дар мадди назарҳои доимӣ нигаҳ дошта, онро пайваста такмилу таҷдид намудан лозим аст. Он бояд оинаи такомули забони адабиамон, чароғи ҳидояти ҳар як соҳибзабони бомаърифати тоҷик бошад. Ҳомид МАҶИДОВ, доктори илми филология, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Цитата: Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ беш аз 80 ҳазор вожаву ибора ва таркибҳои забони тоҷикиро фаро гирифта, аз лиҳози сохтор калимаву таркиб ва истилоҳоти ҳам давраи классикии инкишофи забон ва ҳам давраи муосири рушди онро дар бар гирифтааст. Дар охири фарҳанг мифтоҳи арабӣ замима шудааст. Фарҳанг барои истифодаи доираи васеи хонандагон пешбинӣ мешавад. Внимание авторам Для авторов, зарегистрированных в нашей библиотеке, мы предоставляем огромные возможности для собственных публикаций. Для регистрации, автору необходимо зарегистрироваться в библиотеке как обычному читателю и затем связаться с нами через почту admin turklib. В запросе обязательно укажите Ваше авторское имя по которому вы зарегистрировались на сайте и несколько контактов для связи с Вами.
This means that Yandex will not be able to remember you in the future. Словарь и переводчик с таджикского на русский. Ты, книга юности, дочитана, увы! Словарь содержит более 132400 статей. Первые результаты поиска - с YouTube, который будет сначала преобразован, после чего файл можно загрузить, но результаты поиска из других источников могут быть сразу же загружены в MP3-файл без какого-либо преобразования или пересылки. Решение национально- языковых вопросов в современном мире. Международном Пакте о гражданских и политических правах ст. Решение национально- языковых вопросов в современном мире. Но Республика Узбекистан, которая строит правовое государство и гражданское общество, будучи верной своим международным обязательствам, в т. В определении и объяснении ряда проблем фразеологии в языкознании существуют различные мнения и точки зрения, что затрудняет изучение фразеологии фольклора.