Тест аз адабиёти точик
Лапко чоп шуда буд, ки дар ои чунин навишта шудааст: «…Дар назди хатти фронт ба мо «мессерҳо» ҳамла оварданд. Дили бародар Қутбӣ Киром.
Мунтахаби куллиёти Шамси Табрезӣ Ҷалолуддин Балхии Румӣ. Накопители переводов создаются человеком, но выравниваются с помощью компьютера, что может вызвать ошибки. Навори мазкур филмҳои даҳшатангези Голливудро ба ёди кас меорад.
Тест аз адабиёти точик - To continue searching, please enter the characters from the picture below and click «Continue».
«ДУХТАРИ ОТАШ» Ҷалол Икромӣ дар байни солҳои 1958-1974 асарҳои сегонаи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»-ро навишта ба итмом расонд. Дар онҳо ҳаёти 70 -солаи халқи тоҷик тасвир ёфтааст. Ба асарҳои сегона «Духтари оташ» 1962 , «Вопасин амир» 1967 ва «Тахти вожгун» 1973 дохил мешаванд. Дар романҳои дар боло ёдшуда зиёда аз 600 персонаж амал мекунад. Таҳлили романи «Духтари оташ» Асарҳои сегонаи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» аз нигоҳи мазмун ва мундариҷаи ғоявӣ таърихӣ буда, дар онҳо ҳодисаю воқеаҳои як давраи муайяни таърихи халқи тоҷик тасвир ёфтаанд. Аз ҳамин нигоҳ ин се роман бо ҳам пайванди ногусастанӣ дошта, якдигарро такмил дода, нақшҳои асосиро, ки дар се роман амалиёт мегузаронанд, пурра мегардонад. Мисоли равшани ин нақшҳои Асо, Фирўза, Ҳайдарқул, Аҳмадҷони Машкоб шуда метавонанд. Аз тарафи дигар, агар дар романи «Духтари оташ» ҳодисаю воқеаҳои таърихии нимаи дуюми асри XIX то ғалабаи Инқилоби Октябр дар Бухоро 1920 давом ёбанд, дар романи «Вопасин амир» ҳодисаю вокеаҳои пас аз инкилоб, муборизаю талоши аксулинқилобчиён барои аз нав барқарор намудани аморати Бухоро тасвир ёфта анд. Душманони синфӣ бо ҳар роҳу восита саъю кўшиш менамуданд: «аз шўру ғавғои задухўрдҳои синфӣ истифода бурда, нақшаҳои зишти худро пеш ронанд ва ба ҳар роҳ ҳокимиятро ба даст дароранд». Дар романи «Тахти вожгун» бошад, шикасту бархамхўрии душманони синфӣ ва мустаҳкаму пойдор гардидани ҷомеаи нав нишон дода мешавад. Азбаски асарҳои сегонаи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» як давраи тўлонии халқи тоҷикро дар бар мегиранд ва аз тарафи дигар, дар он шахсиятҳои гуногунақида иштирок доранд ва сониян масъалаҳои сиёсии кишвар ҳаллу фасл мегарданд, мавзўъҳо ва проблемаҳо низ хеле зиёданд, ки онҳо дар ҷояш ҳалли худро ёфтаанд. Аз тарафи дигар, метавон гуфт, ки асарҳои сегонаи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» дар такомулу инкишофи насри реалистии адабиёти муосири тоҷик роли муҳим бозиданд. Махсусан романи «Духтари оташ» аз нигоҳи мавзўъ ва сабки баён аз романҳои дигари Ҷалол Икромӣ фарқ мекунад ва хеле барҷаста баромадааст. Ҷалол Икромӣ пеш аз он, ки ба эҷоди романи «Духтари оташ» шурўъ намояд, сарчашмаҳои зиёдеро омўхт, мавод ҷамъ намуд ва пас ба кор сар кард. Нахустин омили навиштани асар ҳаёти худи нависанда буд. Ҷалол Икромӣ бевосита иштирокчӣ ва шоҳиди ҳодисаю воқеаҳои он солҳо ба шумор мерафт. Дуюм, асарҳои таърихнигорон, маводи архивҳо, асарҳои бадеию илмии устод Айниро батафсил варақ зад ва маводи пурарзиш ҷамъ намуд. Сеюм, бо шахсони таърихӣ, иштирокчиёни фаъоли он ҳодисаю воқеаҳо вохўрд, сўҳбат гузаронид. Аз ин нигоҳ бисёр шахсони таърихӣ бо номҳои дигар дар роман амалиёт мегузаронанд, ки ин усулро дар адабиётшиносӣ прототип мегўянд. Масалан, прототипи яке аз каҳрамонҳои асосии асар Фирўза Саломат Ҷаҳонгирова мебошад. Саломат Ҷаҳонгирова шахси таърихӣ буда, дар барқароркунии ҳукумати Шўравӣ фаъолона иштирок кардааст. Дар ин бора худи нависанда чунин мегўяд: «Саломат Ҷаҳонгиро ва дар синни дусолагӣ ба дасти модаркалонаш сағираи бекасу кўй шуда мемонад. Кампири бечора, ки номаш Дилоромканиз буд, набераи худро ба воя мерасонад ва дар дувоздаҳсолагии ў вафот мекунад. Пас ҳаёти пурмашақкат ва дарбадарию азобу уқубати Саломат Ҷаҳонгирова сар мешавад, то ки инқилоб мешавад ва дидани рўзи озодӣ ба вай муяссар мегардад». Дилоромканиз бошад, дар роман бо номи худаш амал кардааст. Ҳамин тавр, бояд ёдрас шуд, ки романи «Духтари оташ» асари калонҳаҷм буда, дар он зиёда аз 120 персонаж иштирок мекунад, ки ҳар кадоми ин персонажҳо бо характеру рафтору кирдори худ аз якдигар фарқ карда меистанд. Дар романи «Духтари оташ», чунон ки дар боло гуфтем, персонажҳои бисёр амал мекунанд, ки дар байни онҳо занон мақоми хос доранд. НАҚШАИ ПЕРСОНАЖҲОИ АСОСИИ РОМАНИ «ДУХТАРИ ОТАШ» Нависанда зиндагии дардомез, ҳаёти қашшоқона ва фоҷиавии занонро бисёр табиӣ ва зимни нақшҳои Дилоромканиз, Фирўза, Шамсия, Оймуллои Танбўр ва дигарон хеле боварибахш нишон додааст. Вобаста ба кушода додани образҳои дар боло ёдшуда, адиб як қатор масъалаҳои муҳими сиёсӣ-иҷтимоии як давраи таърихии халқи тоҷикро ба муҳокима гузошта, ҳаллу фасл намудааст. Масъалаи ғуломхарию ғуломфурўшӣ, паст будани сатҳи зиндагии мардум, зулму тааддии золимон ба мазлумон, норизогии халқ, ҷадидизм, ба Бухоро сар даровардани намояндагони Россия, тағйир ёфтани шуури синфии зиёиён ва коргарони маҳаллӣ, Револютсияи Халқии Бухоро ва ғайра ба миён гузошта шудаанд. Дар баробари ин дар асар дўстӣ, ҳамфикрии байни халқҳои тоҷику ўзбек ва рус назаррас буда, дар ҷараёни ҳодисоту воқеоти роман то як андоза ҳаллу фасли худро ёфтаанд. Тасвири ишқу муҳаббати поки инсонӣ дар асар низ мавқеи калон дорад. Нависанда ба воситаи ишқу муҳаббати Фирўзаю Асо муҳаббати поки инсониро тарғиб намудааст. Ишқу муҳаббати байни Умарҷон ва Шамсияи ноком поку беолоиш буда, дар роман воқеӣ баён шудааст. Аз тарафи дигар, адиб дар роман образҳое низ офаридааст, ки онҳо ба фисқу фосиқӣ машғул буда, ҳаёти садҳо занону духтарони покдоманро сўхтаанд, дар ҳаққи онҳо хиёнат кардаанд ва амалҳои ношоистаи онон боиси мазаммат кардани нависанда қарор гирифтаанд. ТАҲЛИЛИ ОБРАЗҲОИ АСОС Ӣ Яке аз образҳои барҷастаи романи «Духтари оташ» Дилоромканиз аст. Характер ва рафтору кирдори ин зани матинирода бевосита дар ҷараёни ҳодисаю воқеаҳои мухталифи асар кушода дода мешавад. Нависанда ба ин образ муҳаббату самимияти бепоён дорад. Аз ин ҷост, ки ў баъдтар дар ин бора чунин мегўяд: «Дар ин китоб ман мехоҳам тақдири як зани оддии аз байни халқ баромадаро нишон диҳам». Воқеан ҳам тақдири Дилоромканиз, рўзгори дардомези ў дар асар хеле батафсил омадааст. Аслан Дилоромканиз, чунон ки аз номаш равшан аст, аз табақаи поёни ҷомеа буда, пасон хизматгори бою амалдорони Бухоро мегардад ва ба номи зебояш Дилором калимаи каниз то поёни умраш ҳамроҳ мешавад, яъне номи Дилоромканизро мегирад. Дилоромканиз аз хурдӣ бори зиндагиро бар дўш дошт. Рўзгор ўро маҷбур намуд, ки дар хонаи бою давлатмандон хизматгор шавад. Ҳамин тавр, солҳои зиёд гузаштанд, наврасию ҷавонии ў бо азобу ранҷ поён ёфт, аммо рўзҳои некро надид. Дар тўли ин солҳо гармию сардӣ, пасту баландиҳои рўзгор иродаи ўро матину устувор гардонид. Дилоромканиз пир шуд, вале номи канизӣ, хизмати канизӣ ҳамроҳаш буд. Ҳанўз ҳам дар ҳавлии Ғаниҷонбой бо набераи сағирмондаи хурдсолаш Фирўза хизмат мекард. Ана ҳамин як давраи тўлонии ҳаёти Дилоромканиз бо камоли маҳорат, бо меҳру муҳаббат аз тарафи нависанда қаламдод шудааст. Албатта, рўзгори ў танҳо ҳаёти як шахс нест. Нависанда дар симои Дилоромканиз зиндагии тоқатфарсои садҳо занони азияткашида, ранҷу озордидаро, ки аҳли доро ба сарашон оварда будаанд, ҳаққонӣ ҷамъбаст намудааст. Дилоромканиз ҳамаи ин нобаробариҳо, беадолатиҳо, хору залилӣ ва канизии худро эҳсос мекард ва боре бисёр бо дард ба наберааш Фирўза изҳор мекунад: «… баъд фаҳмидам, ки каниз шудан аз қатори одамият баромадан будааст. Канизро мехаранд, мефурўшанд, мезананд, азоб медиҳанд, хунашро мемаканд». Вобаста ба ҳамин адиби номдор Мирзо Турсунзода чунин мегўяд: «Бо вуҷуди фаҳмидани беҳуқуқиаш дар пеши ҳеҷ як золим сар хам намекард, характери қавй ва саркаше дорад ва ин қуввату иродаи вайро ҳама, ҳатто забардастони замона низ ҳис мекунанд ва ҳеҷ кас дар пеши вай зане ё бачаеро озор дода наметавонист». Дар ҳақиқат воқеаю ҳодисаҳои асар дурустии фикри болоро собит менамоянд. Дилоромканиз дар роман ҳамчун зани нотарсу ҷасур тасвир ёфтааст, хислатҳои мардӣ дар рафтору кирдори ў назаррас аст. Албатта, чунин рафтор дар ниҳоди Дилоромканиз яку якбора пайдо нашудааст. Зиндагӣ, ҳаёти пурмашаққат ўро водор намуд, ки ба аҳли доро ба назари дигар нигарад, одамият, нангу номуси хешро аз онҳо ҳифз намояд. Аз ин рў, аз Дилоромканиз оқсақол, ҳоким ва бойҳои мағруру худписанд метарсиданд, ба суханони талхи ў маҷбур буданд, ки гўш диҳанд. Боре дар ин бора ба Фирўза чунин гуфт: «Ҳатто духтарони оқсақол ва худаш, бойи қишлоқ ҳам аз ман мулоҳиза мекарданд. Ман чаққон, тавоно, ҳунарманд ва кордон будам, касеро писанд намекардам». Ҳатто маҷбур буданд, ки гапи Дилоромканизро «не» нагуфта, ба суханонаш гўш диҳанд. Аз ў тарсу ҳарос доштанд. Боре гапи оқсақол бо Дилоромканиз мегурезад. Дар байнашон ҷангу хархаша ба вуқўъ мепайвандад. Ниҳоят аз суханони нешдор ва заҳрогини Дилоромканиз оқсақол мағлуб шуда, рў ба гурез меоварад: «Ту оқсақол ҳанўз бо собуни ман ҷомашўӣ накардаӣ! Беҳтар, ки машмаша накарда аз атрофи сари дегат бохабар шав! » Абдулатифбой ҳар гоҳ ба Дилоромканиз аз тарс хушомад мезад. Ўро боақлу бахосият мегуфт: «Ту Дилоромканиз бахосият омадаӣ. Пас аз омадани ту ба хонадони ман давлатам зиёд гашт, обрўям баланд шуд. Ман ба қадри хизматҳои ту нарасам, кўр мешавам». Дилоромканиз дар баробари сифатҳои матиниродагӣ, ростгўию ростқавлӣ, поквиҷдонию меҳнатдўстӣ зани оқилаю хирадманд низ буд. Ҳатто аз мардҳо як сару гардан баландтар меистод. Ба онҳо ҳомӣ, маслиҳатчӣ ва ғамхору рўҳбардор буд. Масъалаҳои сиёсиро нағз дарк менамуд. Чунончи Ҳайдарқул хост, ки қасоси зану фарзанди хешро аз Ғаниҷонбой гирад. Ба ин кори ў Дилоромканиз зид баромад ва ба Ҳайдарқул чунин гуфт: «Як Ғаниҷонбойро куштан қатӣ ниқори ту тамом намешавад. Мард бош, дар ҳама кор мардона кор кун! Аз душманат чунон ниқор гир, ки вай донад». Вале дар баробари ин Дилоромканиз зани ҳалиму меҳрубон буд. Ҳамеша дар ҳар ҳолат ба дармондагон, бечорагон дасти ёрӣ дароз мекард. Намегузошт, касе аз муштзўрон бечорагонро таҳқир намояд, ранҷу озор диҳад. Инро дар мисоли Аҳмадҷони Машкоб, Асо, Фирўза ва дигарон ба хубӣ эҳсос мекунем. Аз ин нигоҳ образи Дилорамканиз ҳамчун шахси тарбиятгар, мураббӣ пеши чашми хонанда ҷилвагар мешавад. Ў дар як давраи тўлонии рўзгораш 90 сол умр дид бисёр ҷавононро тарбият намуд ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кард. Ба онҳо покию поквиҷдонӣ, ростию ростқавлӣ, хоксорӣ барин хислатҳои ҳамидаи инсониро омўзонд. Аз ин хотир дар байни мардуми оддӣ ва ҳатто табақаи боло ҳам соҳибиззат гардида буд. Дилоромканиз умри бобаракате дид. Аз 90 сол 72 соли умрашро дар хизмати аҳли доро сарф намуд. Вале ба мардуми оддӣ, ба ёру дўст хизмати босазо низ кард. Умри хешро ройгон нагузаронид. Бо боварии том метавон гуфт, ки як насл аз мактаби Дилоромканиз тарбия ёфта, пас кори ўро идома додаанд. Мисоли равшани ин нақши Фирўза шуда метавонад. Мусаллам аст, ки яке аз нақшҳои асосии романҳои сегонаи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ва махсусан «Духтари оташ» набераи Дилоромканиз Фирўза мебошад. Ин нақш дар роман ба тарзи динамикӣ муттасил дар рафти ҳодисот рушду камол ёфтааст. Ин ду нақш дар роман бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд. Яке дигареро пурра мекунад, такмил медиҳад. Дилоромканиз бо рафтори нек, кирдори нек, гуфтори неки худ на танҳо Фирўза, балки занони бисёри рўзгорашро ба ҷунбиш овард; ба ҳақиқатҷўӣ, садоқат ба миллат, ба покиву нексириштӣ ³идоят намуд. Мақсаду мароми ў тарбияи инсони поку меҳнатдўст буд. Бисёр мехост, ки наберааш Фирўза мисли худаш бошад ва ба камол расад ва метавон гуфт, ки ў ба мурод расид. Фирўза ҳам бисёр хислатҳои модаркалонашро ба худ қабул кард. Дилоромканиз пеш аз маргаш ба Фирўза насиҳат карда чунин гуфта буд: «То ба баландӣ набароӣ ҳамвориро намебинӣ, то рўз набинӣ маънои рўзгорро намефаҳмӣ. Ҳар чизро фурўш, вале одамиятро ниго³ дор!.. Мардум пўстлохи дарахтон, решаи гиёҳҳоро канда мехўрданд ва аз гуруснагӣ беҳол, аз хўрокҳои нобоб варам карда буданд, аммо савдогарҳо, ғаллаҷаллобҳо мисли вабо пеш-пеши аҷал давида мегаштанд. Аз бадбахтии мо кайфу сафо менамуданд». Нависанда зоҳири Дилоромканизро бо камоли маҳорат тасвир кардааст. Зоҳири Дилоромканиз хеле хоксорона буда, дар кушодани ҷаҳони ботинии ў кўмак мерасонад. «Мўйҳои сафеди ўро сарбанде аз шоли кўҳнаи сиёҳе пинҳон мекард, фаранҷии рангпарида ва садямоқи ў, ки аз сараш партофта шуда буд, фақат расмиятро нигоҳ медошт ва аҷобаташ дар он буд, ки дар кўчабудагон ва гузарандагон ба ин ҳеҷ аҳамият намедоданд». Воқеан ҳамин тавр ҳам буд. Дар симои ў одамият ва фаросати зани тоҷик ҷамъбаст ёфтааст. Бешубҳа, муваффақияти бузургтарини Ҷалол Икромӣ дар адабиёти муосири тоҷик дар офаридани нақшҳои Дилоромканиз ва Фирўза ба назар мерасад. Маҳз бо ҳамин асар ва бо ҳамин симоҳои нотакрор на танҳо дар адабиёти муосири тоҷик, балки адабиёти халқҳои ҷаҳон соҳибшўҳрат мегардад, мақоми арзанда пайдо мекунад. Чунон ки қаблан зикр кардем, образи Фирўза прототипи зани мубориз Саломат Ҷаҳонгирова мебошад. Нависанда дар болои ин образ 6 сол заҳмат кашидааст. Илова бар маводе, ки бевосита аз забони Саломат Ҷаҳонгирова шунида ҷамъ кардааст, боз саҳнаю лаҳзаҳои ҷолибро аз худ ҳамроҳ намуда, нақши Фирўзаро ба дараҷаи образи типӣ расондааст. Ҷалол Икромӣ дар ин хусус чунин мегўяд: «Пас дар гирди ҳикояи Саломат Ҷаҳонгирова ҳикоя ва қиссаҳои бисёре илова шудан гирифтанд. Бисёрии воқеа ва ҳодисаҳои иловагиро ман шахсан фикр карда, бофта набаровардаам. Аксарияти онҳо ҳаётӣ, воқеӣ ва таърихӣ буданд… Ман фаҳмидам, ки ҳикояти Саломат Ҷаҳонгирова асоси китоби ман хоҳад шуд». Фирўза пас аз вафоти бибикалонаш Дилоромканиз, ки 12 сол дошт, бепарастор мемонад. Вайро Оймуллои Танбўр, ки зани бомаърифат ва мушфиқу меҳрубон буд, ба тарбияи худ мегирад. Он вақт Фирўзаи камтаҷриба шикасту рехт, пасту баландиҳои зиндагиро хеле кам медонист. То ин айём парастор, ёру мададгораш Дилоромканиз болои сараш буд ва ҳар нозе, ки мекард, иҷро мешуду нозпарвар дошт. Акнун ў бояд ба ҳаёт бо чашми дигар назар кунад, ба ҳама пасту баландиҳои зиндагӣ омода бошад. Ҳамин тавр ³ам шуд. Рўзгор ва панду насиҳатҳои бибиаш ўро пухта гардонд. Ҳамаи ин тадриҷан дар ҷараёни ҳодисоту воқеоти асар ба вуқўъ омаданд. Фирўзаро пас аз чанд муддат ба ҳавлии Ғаниҷонбой оварданд ва дар қатори канизони Ғаниҷонбой ҷой гирифт. Нахуст итоаткор ва хомўшу сархам буд. Ба пичингу гапҳои занони амалдор, аз он ҷумла занони Ғаниҷонбой гўш мекард. Аммо рафта-рафта зо³иран ва ботинан тағйир ёфт. Хомўш намеистод, дар мавқеаш ҷавобҳои сахт ҳам медод. Ў худ ба худ андеша мекард: «Наход ки ман ҳам мисли Шамсия, мисли Савсан ҷавонмарг шавам. Не, ман бояд аз ин дарго³, аз ин варта наҷот ёбам! Инак, боз садои эътирози ў баландтар мешавад. Ҳангоми дар дарбори амир Олимхон буданаш беибо, нотарсона, бо хашму ғазаб ба занҳои дарбор чунин мегўяд: — «Рафта ба амир ва Пошшобибӣ гўед ки, — гуфт ба овози баланд Фирўза, — мо аз оташ, аз аҷал ва аз тиру туфанг наметарсем! Оташ ҳам, аҷал ҳам, тиру туфанг ҳам аз азобу уқубати бандагӣ, канизӣ ва дарбори шумо беҳтар аст! Сўзеду хокистар шавед, ки хонумони моро сўхтед! Таъхонаро гулғула фаро гирифт. Рўйҳои зану духтарҳо аз ҳаяҷони қалб сурх шуда буд, чашмонашон медурахшид, дилашон бо умед ва орзуҳои хуррам аз нав мезад ва метапид. Таъкид намудан зарур аст, ки нависанда ба воситаи нақши Фирўза ташаккули шахсияти зани тоҷикро дар ҷомеа ба миён гузошт. Ҳамин тавр Фирўза аз як сағирадухтари оддӣ ба дараҷаи зани фаъол, мубориз, дурандеш, роҳбару кордон сабзида расид. Ў дар кураи мубориза³ои синфӣ камол ёфта, ҳамчун образи инкишофёфтаи типӣ намудор мегардад. Дуруст аст, ки дар байни нақшҳои Дилоромканиз ва Фирўза монандиҳои назаррас мушоҳида мешаванд, вале бояд хотиррасон кард, ки дар байни онҳо аз бисёр ҷиҳат тафовутҳо ҳам дида мешаванд. Агар ба тарзи мушаххас гўем, нақши Фирўза давоми мантиқии нақши Дилоромканиз мебошад. Дилоромканиз ҳама гуна зулму золимӣ, қабоъату разолати соҳибмансабон ва аъли дороро медонист. Гапи сахтро нотарсона ба онҳо мегуфт. Лозим шавад, бо ин гурўҳ бо сухан мубориза мебурд. Фирўза бошад, илова ба он сифатҳое, ки дар ҳаққи Дилоромканиз гуфтем, боз зани мубориз буд, ба муқобили онҳо, сохти пўсидаи аморати Бухоро муборизаи сахт бурд. Ў ба тақдир, ба қисмати хеш тан надод ва барои ояндаи неки худ, Ватан ва миллати хеш фидокорона мубориза бурд. Нависанда дар симои ў хислатҳои нек ва мақсаду мароми занони пешқадаму фаъоли тоҷикро ҷамъбаст намудааст. Дар ин бора адабиётшинос Усмонова 3. Вай дар сўҳбатҳои ҷиддии сарварони инқилоби Бухоро баробари онҳо иштирок менамояд, ҷавобҳои ў пур аз ҳисси шоистагӣ ва иззати нафс, пур аз эътимоду боварӣ ба худ, ба ояндаи хонаводаи худ, шавҳари худ Асо, дўстони вай, тамоми халқ мебошад». Фирўза бо корҳои нек, бо ақли расои худ аз дигар духтарон ба мисли Савсан, Шамсия, Нозгул ва дигарон фарқ карда меистад. Нависанда дар симои онҳо духтарони мазлум, итоаткор ва ба тақдир тандодаро нишон Додааст, ки ҷамъият онҳоро ба ин рўзи сахт овардааст. Аммо ин нақшҳо барои беҳтару хубтар баромадани образи асосӣ — Фирўза ҳамчун образҳои ёрирасон хизмат кардаанд. Нависанда ҳусну ҷамол ва зебоию малоҳати духтарони тоҷикро дар симои Фирўза хеле табиӣ ба қалам додааст. Масалан, дар бораи ҳусни табиии Фирўза ва сару либоси хоксоронаи ў нависанда чунин мегўяд: «Ҳамаи ин сару либоси одамиёна ва ҳатто бечораҳолона пўшидаи ў ба худаш мезебиданд. Вай духтаре буд гандумгун, бо чашму абрўи сиёҳ ва лабу даҳони мисли ғунча зебо, бо рухҳои мисли себи сурх тар ва тоза, бо сари баланд ва дасту пои чаққон ва серҳаракат, ҳар кас, ки чеҳраи зебои ўро медид, беихтиёр чашмашро аз вай канда натавониста мемонд». Муҳимаш он аст, ки нависанда ба ин восита баъзе паҳлуҳои характер, рафтору кирдори қаҳрамони асосиро мушаххас намудааст. Албатга, хусусиятҳои фардии Фирўза ўро ба дараҷаи образи камолёфтаи типӣ пухта расонданд. Дар роман дар баробари нақшҳои Дилоромканиз ва Фирўза занҳои зиёде амал мекунанд, ки ҳар кадомашон бо рафтору кирдор ва характери нотакрори худ аз як дигар фарқ карда, барои барҷаста баромадани симои қаҳрамонҳои асосии роман кўмаки расондаанд. Аз байни кулли онҳо нақшҳои Оймуллои Танбўр ва Шамсия мақоми хос доранд. Зиндагӣ, кору рафтори онҳо ба ҳаёти Дилоромканизу Фирўза пайванди ногусастанӣ дорад. Оймуллои Танбўр зани босавод, бомаърифат аст. Ў духтаронро таълим дода, савод меомўзонад. Шамсияю Фирўза аз ҷумлаи шогирдони арзандаи ў буданд ва аз Оймулло савод омўхта, шеъри Хоҷа Ҳофиз ва дигар адибони бузурги гузаштаро қироат ва ҳифз менамуданд. Ҳамин тавр Оймуллои Танбўр дар дили духтарони тоҷик чароғи илму ирфонро фурўзон мегардонд ва меҳру муҳаббат, одамият ва садоқатро нисбат ба инсонҳо тавлид менамуд. Албатта, ҳамаи ин корҳоро бо гап не, балки дар амал нишон медод. Яъне нависанда бо ин восита таъкид карданист, ки худи Оймулло бо ин хислатҳои ҳамида оростааст. Масалан, вақте ки Дилоромканиз вафот мекунад, Оймулло Фирўзаро ба тарбияи худ мегирад, ки ин одамгарӣ, инсондўстӣ, мушфиқу меҳрубон, ғамхору қадрдон будани ўро нишон медиҳад. Умеду орзуи ягонаи ў соҳибмаърифат гардондани занони тоҷик аст. Дар ин роҳ саъю кўшиш мекунад, матонату суботкорӣ нишон медиҳад ва гоҳ-гоҳ ба мақсади хеш ноил мегардад, ки намунаи ин саводнок шудани сағираи бекас Фирўза шуда метавонад. Вале бояд иқрор шуд, ки Оймуллои Танбўр мисли Дилоромканиз боҷуръат ва нотарс нест. Ў нисбати ҳама гуна беадолатиҳои аҳли ҷоҳу сарват нафрат дорад. Ҳангоме ки Нозгулро ба халта андохта химчакорӣ мекунанд, ранҷу озор медиҳанд, ў бо Шамсияю Фирўза оби чашм мерезонанд, азоби рўҳӣ мекашанд, ба золимон лаънат мехонанд. Онҳо илоҷи дигаре надоштанд. Ё бигирем, ҳаёти фоҷиавии Шамсия-духтари миршаб Абдураҳимбекро. Ўро Оймуллои Танбўр тарбият карда, соҳибмаърифат гардонд. Беҳтарин хислатҳои инсониро дар қалби ў ҷой намуд. Шамсия низ ба рафтору кирдори золимон нафрат дорад, вале камҷуръат аст. Месўзаду имкони сухан гуфтан, эътироз кардан надорад. Зиёда аз ин барои бахту саодат ва ишқи поки худ, ки Ашрафҷонро дўст медошт ва падараш ба ин розӣ набуд, беилоҷ монд, мубориза бурда натавонист. Барои ҳамин Шамсия маҷбур шуд, ки худкушӣ намояд ва ҳамаи дарду алам, ишқи покашро бо худ ба гўр барад. Нависанда ба ин восита беҳуқуқии занону духтарони тоҷикро ё аз табақаи поён бошанду ё аз табақаи боло хеле боварибахш тасвир намудааст. Ҳаёти фоҷиавии Шамсия барин духтарон дар дили хонанда нисбати золимон, аъли ҷоҳ ва махсусан амирон як ҷаҳон нафрату адоватро тавлид мекунад ва нависанда моҳияти ҳаётро воқеӣ, реалистона тасвир намудааст. Дили нависанда ба ҳаёти фоҷиавии ҳамин гуна духтарони оқила, вале бехуқуқу бечора месўзад, вале илоҷи дигар надорад, зиндагӣ ҳамин аст ва ин зиндагиро ў ҳаққонӣ ба қалам додааст ва бурди адиб ҳам дар ҳамин аст. Ҷалол Икромӣ ба ин восита ҳаёти як давраи мураккаби кишварро нишон дода, таъкид карданист, ки агар онҳо ба мақсади олии хеш нарасида бошанд ҳам, барои дигарон роҳ кушоданд, намунаи ибрат шуданд. Образҳои Дилоромканиз, Фирўза, Оймуллои Танбўр, Шамсия ва дигарон барои насли имрўза намунаи ибрат мебошанд. Умеди онҳо имрўз ҷомаи амали пўшид. Оре, имрўз занону духтарони тоҷик озодона мехонанд ва дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кор мекунанд. Нависанда на танҳо дар кушодани амалиёт, мақсаду маром ва дунёи ботинии занон муваффақиятҳои назаррас дорад, балки ҳусну ҷамоли худододии онҳоро бо камоли маҳорат тавсир кардааст. Тавре зикр шуд, Оймуллои Танбўр ҳам аз зумраи занони бомаърифат, ҳунарманд аст. Аз тасвири симои зоҳирии ў ҳамин сифатҳои олии инсонӣ равшан мегардад. Бешубҳа, кас пас аз хондани роман ба чунин тасвирҳои шоирона шинос шуда, нисбати ин образҳо муҳаббат пайдо мекунад ва аз ҳусну латофати онҳо як ҷаҳон лаззат мебарад. Симо, ваҷоҳати ў чунон дилкаш, чунон ҷозибанок буд, ки ҳар кас мегуфт: «Оё ин занро пештар дар куҷо дида бошам»? Абрўвони сиёҳ, чашмони калон-калони шаҳло ва дилбар, рўи мудаввар ва банур, лабу даҳони ҳамеша ба табассум моили вай чашми бинандаро беихтиёр ба худ ҷалб мекард». Ғайр аз ин дар романи «Духтари оташ» нақшҳои занони манфӣ кам нестанд. Ба ин гурўҳ занони табақаи боло бештар шомиланд. Ҳаракату рафторҳои ношоистаи Назокат, Мағфират, Мушаррафа, Холдорхон, Оими дастархончӣ, Пошшобӣ дар рафти ҳодисаю воқеаҳои асар кушода дода шудаанд. Онҳо аз нигоҳи характер аз якдигар тафовути ҷиддӣ доранд. Масалан, Пошшобӣ ва Мағфират ниҳоят бадрашк, ҳасуд, нотавонбин буда, ҳамеша аз пайи ранҷу озори Фирўза, Нозгул барин духтарони покдоман ҳастанд. Бо вуҷуди он ки онҳо мансуби табақаи боло ҳастанд, дар назди шавҳарони худ ночизу нотавонанд. Илова бар ин онҳо низ аз ҳар гуна ҳуқуқҳои инсонӣ ма³рум мебошанд. МАҚОМИ МАРДОНИ ОҚИЛУ МУБОРИЗ ДАР РОМАН Дар роман нақшҳои мардони оқил, мубориз, ки бештарашон аз табақаи поёни ҷомеа ҳастанд, амал мекунанд. Ба ин гурўҳ нақшҳои Ҳайдарқул, Асо, Ашрафҷон, Аҳмадҷони Машкоб, Истад ва дигарон мансубанд. Нависанда ба воситаи нақши Ҳайдарқул нерўю қудрати халқи азияткашида, ҷабру ситамдидаро ба қалам додааст. Ў аслан ба пешаи моҳипазӣ машғул буда, аз рўи он қути лоямути аҳли оилаашро пайдо мекард. Нахуст, пас аз он ки ба номуси зану духтараш Савсан Саиди Маст ва Ғаниҷонбой таҷовуз карда, онҳоро мекушанд, хун ба хун гуфта аз паси қасосгирӣ мешавад. Дар ин роҳ то андозае ба мақсад мерасад. Ҳайдарқул дар ин бора чунин изҳор менамояд: «Акнун ман танҳо барои як мақсад зиндагӣ мекунам: «Ниқор! Аз душманонам ниқори духтари нокомам, ниқори зани кулфатзадаам ва ниқори худамро гирам, вассалом». Вале пасон дар натиҷаи бо коргарони рус Смирнов, Соколов вохўрдан андешааш тағйир меёбад. Даҳ соли бадарғагӣ дар Сибир шуур, рафтору кирдори Ҳайдарқулро тағйир дода, яке аз муборизи фаъоли роҳи озодӣ мегардад. Нависанда дар симои ў образи шахсони муборизро нишон додааст. Ў дигар ниқор ва интиқоми як-ду нафар наздиконашро намегирад, балки ба хотири бахту саодат ва ободию озодии халқ ва кишвараш мубориза мебарад. Асо ва Аҳмадҷони Машкоб ҳам дар мубориза барои ҳаёти нав саъю талош доранд. Онҳо ҳам бо Ҳайдарқул дар ин муборизаҳо ҳамроҳ ҳастанд ва барои барқароршавии Ҳукумати Шўроҳо саҳми арзанда доранд. Асо хизматгори дари хонаи Ғаниҷонбой буду солҳои дароз хизмати бемузд кард. Вале дар тўли солҳои зиёд тағйир ёфт. Насиҳатҳои Дилоромканиз, Ҳайдарқул, Аҳмадҷон рўҳияи ўро дигар намуд. Нависанда дар симои Асо ташаккулёбии шуури ҷавононро нишон додааст. Нахуст мисли Ҳайдарқул аз золимон қасос мегирифт. Аммо баъдтар фаҳмид, ки ин усули кор роҳи ягона набудааст, роҳи асосӣ бо мардуми оддӣ будан ва онҳоро ба мубориза сафарбар намудан будааст. Ҳамин тавр ҳам шуд. Дар анҷоми асар Асо шахси фидокор, муборизи роҳи озодӣ гардид. Дар муборизаҳои револютсионӣ фаъолона иштирок кард. Муҳаббати ў нисбати Фирўза бисёр самимӣ ва поку беолоиш аст ва бо ҳам барои бахту саодати худ саъю талош карданд ва ба муроди хеш расиданд. Нависанда дар тасвири Асо чунин мегўяд: «Вай ҷавоне буд қадбаланд, чорпаҳлу, бо дасту пойҳои баҳодурона, кулчарўй, шаҳлочашм ва гандумгун, ба гирди лабаш акнун сиёҳча зада мўйлаб мебаромад, лекин ҷуссаи паҳлавононаи ў дар назари аввал вайро ба чашм аз синну солаш калонтар карда нишон медод». Дар роман мисли Тоҳирҷон, Истад, Иброҳим, Сафия, Амону Умарҷон ва дигарон фаъолият доранд ва адиб дар симои онҳо характеру хусусиятҳои ба худ хоси ҷавонони фаъолу муборизи халқи тоҷикро ҷамъбаст кардааст. Дар романи «Духтари оташ» як гурўҳ персонажҳои манфӣ амал мекунанд, ки кулли онҳо намояндагони табақаи болои ҷомеа ҳастанд. Ба ин гурўҳ Латифбой, Қароқулбой, амир Олимхон, оқсақол, миршаб ва дигарон мансубанд. Албатта, ҳамаи онҳо дар куштори ашхоси бегуноҳ, зулму таадии бечорагон, фиребу найранг дасти тавоно доранд. Характер, гуфтору кирдорашон гуногун бошад ҳам, вале мақсадашон як аст. Нависанда дар симои онҳо зулму золимӣ, беадолатӣ, беинсофӣ, хиёнату беандешагӣ ва фисқу фасодии гурўҳҳои табақаи болоро ҷамъбаст намудааст. Аҳамияти тарбиявии романи«Духтари оташ» Умуман нақшҳои офаридаи романи «Духтари оташ» пандомўзанд. Хонанда на танҳо аз кору рафтори каҳрамонони мусбат панди судманд мегирад, балки рафтору кирдору гуфтори ашхоси ношоиста барои хонандагон низ ибратомўз буда, саъю кўшиш менамоянд, ки дар зиндагӣ мисли онҳо нашаванд, мисли онҳо амал накунанд. Ба ҳамин тариқ, агар дар анҷом бо суханони устод Мирзо Турсунзода, ки дар бораи аҳамияти тарбиявии романи «Духтари оташ» гуфтааст, фикри худро ҷамъбаст намоем, меарзад: «Романи «Духтари оташ» аз ҷумлаи асарҳоест, ки хонандаро бо қуввати ибратбахши қаҳрамонони мусбати худ тарбия мекунад. Амалиёт, ақида ва ҷараёни зиндагонии як қатор персонажҳои романи «Духтари оташ» аз қабили Дилоромканиз, Фирўза, Ҳайдарқул, Аҳмади Машкоб, Асо, Умарҷон ва дигарон барои насли имрўза намунаи ибрат буда, диловарӣ, ватандўстӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсониро меомўзонад».
Ситораи шуҳрат: Очеркҳо Ёдгорӣ Шоҳҳайдар. Солҳои тӯлонӣ ба фаъолияти озоди эҷодӣ иштиғол варзидааст. Кадоме аз ин асарҳо тарҷумаиҳолист? Айнӣ: Восифи ва хулосаҳои «Бадоеъ-ул-вақоеъ» 7. Байни мову дил ҳамеша ҳарбузарби шавқҳост, Дил фидои дигареву ман фидои дигаре. Шоҳиди ранги муҳаббат ҳар нафас аз боғи дил, Гул наёрӣ, дилбари гулгунқабоят меравад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ Зокиров Г. «Таърихи Табарӣ»-и Абӯалӣ Балъамӣ… Исоматов М. Маънои ҳазору як ном Ғафуров О. Кампир намегузорад, ки касе ӯро таҳқир кунад, обрӯю эътиборашро паст занад ва ягона набераашро ранҷонад.